То анҷоми соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз менамоянд Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» (МОИ«Данғара») соли 2009 ташкил гардида, соли 2011 бо фарогирии 541 га замин ба фаъолият оғоз намуд. Мақсади асосии ташкили минтақаи мазкур ин ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент, таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва мамлакат, тараққӣ додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, рушди шаҳрсозӣ дар мавзеъҳои атрофи МОИ «Данғара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тибқи иттилои роҳбари МОИ «Данғара» Ҷамшед Собирзода, «дар чор моҳи соли 2025 дар минтақа 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд. То инҷониб дар минтақа 39 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 14 субеъект фаъолияти истеҳсолиашро оғоз намуда, дар 25 субъекти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҷараён доранд». Ба иттилои Ҷамшед Собирзода, «дар зарфи чор моҳи соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа ба 4,9 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ ба зиёда аз 2 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми маблағи маҳсулоти истеҳсолшуда ба 39,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 4,8 маротиба зиёд мебошад». Тавре иброз гардид, рӯйдоди муҳиме, ки дар МОИ «Данғара» ба вуқуъ пайваст, ин дар моҳи майи соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидаани ҶДММ «Оксус Интеразия» мебошад. Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Ҳаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оксус Интеразия” дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Корхонаи дигаре, ки то охири соли равон дар МОИ «Дарғара» ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Фуд Хатлон» мебошад. Лоиҳаи ин корхона дар ҷараёни сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МОИ «Дарғара» муаррифӣ карда шуд. Корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд. Тибқи нақша, дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Иқтидори корхона дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мегардад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст. Тибқи иттилои роҳбари ҶДММ «Ғаюр саноат» Фаридун Каримов, корхонаи мазкур ба истеҳсоли 17 намуди маҳсулоти рангҳо ва маводҳои ороишӣ ё худ андоваҳои декоративӣ машғул буда, бо сармоягузории соҳибкорои ватанӣ фаъолият доранд. «Айни замон дар корхона зиёда аз 17 нафар бо кор таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолгардида пурра ба бозорҳои дохилӣ дастрас карда мешавад. Дар нақша ҳаст, ки оянда ба хориҷи мамлакат маҳсулоти корхона содирот низ гардад. Бо имконияти мусоид ва имтиёзҳое, ки дар МОИ «Дарғара» фароҳам оварда шудааст, мо фаъолияти худро самаранок пеш бурда истодаем. Нақша дорем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам бештар намоем» – илова кард Фаридун Каримов. Бо фароҳам гардидани шароити хуби корӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, натанҳо шумораи соҳибкорони дохилӣ, балки саромягузорони хориҷӣ низ дар МОИ «Дарғара» сол ба сол бештар мегардад. Ориё Муҳаммадашраф аз зумраи ҳамин гуна соҳибкоронест, ки муддати 5 моҳ боз дар МОИ «Дарғара» бо таъсиси ҶДММ «Омусаро» фаъолият дорад. Дар корхонаи мазкур офтобпараст ва бодом коркард ва банду баст гардида, барои содирот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона мегардад. Корхонаи дигаре, ки дар МОИ «Дарғара» фаъолияти назаррас дорад, ин ҶДММ «Грин голд» мебошад. Самти фаъолияти ин корхона, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, ба коркард ва банду басти хушкмева (писта) равона шудааст. Фирдавс Мирзораҳимов корманди ин корхона иттилоъ дод, ки маҳсулоти истеҳсолгардида, аслан барои содирот нигаронида шудааст. ҶДММ «Грин голд» дар МОИ «Дарғара» 10 корманди доимӣ дошта, дар мавсими коркарди писта, шумораи онҳо то ба 50 нафар мерасад. Субъектҳои дигаре, ки дар ҳудуди МОИ “Данғара” имрӯзҳо фаъолияти назаррас доранд, инҳо: ҶДММ «Ауфен» (истеҳсоли конструксияҳои металлӣ), ҶДММ «Детйен бетон» (истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ), ҶДММ «МИСР -2001»(истеҳсоли шағал, шебен, қум), ҶДММ «Тоҷпласт-1» (истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ), ҶДММ «Сохтмон-11» (истеҳсоли хишти сохтмонӣ), ҶДММ «Техно полиш» (истеҳсоли тол) ва ҶДММ «Сангвор Саноат» (истеҳсоли хишту пенаблок) ба шумор мераванд. Корхонаҳои мазкур бо саромгузории соҳибкорони дохилию хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар рушди соҳаи саноат ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст, 39 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маҷмуъ наздики 600 ҷойи корӣ ташкил гардидааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 2024 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 34 миллион сомонӣ баробар буда, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад беш аз 2 миллиард сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 54 миллион сомонӣ ва дар 4 моҳи соли 2025 39,3 миллион сомониро ташкил дод.