Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 16 то 20 июн бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад. Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар пойтахт сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида, фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд Июнь 16, 2025 Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Кӯлоб ва Мӯъминобод меҳмонии ҷавонон ва Фестивали дӯстии ҷавонон – 2025 оғоз гардид. Меҳмонӣ аз 16 то 20 июн бо иштироки зиёда аз 120 нафар ҷавонони фаъоли мамлакат доир мешавад. Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар ин шаҳру ноҳияҳо барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, машварату барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар аст. Инчунин иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихии ин ноҳия шинос мешаванд. Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат баргузор карда мешавад.Далее Следующая запись: Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардида, дар он 2676 довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд. Дар даври якуми озмун 6192 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 2676 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Соли 2024 дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок кард, ки аз он 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Тибқи тартиби баргузории даври дуюм, озмун дар вилояти Хатлон аз 17 то 23 июн, вилояти Суғд – аз 17 то 23 июн, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 июн то 5 июл, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 20 июн (минтақаи Рашт, шаҳраки Ғарм), аз 23 то 25 июн дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанбе аз 20 то 25 июн доир мегардад. Ба иттилои масъулин, раванди баргузории озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад. Бо дастури Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.