Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ» иштирок намуд. Чин яке аз шарикони асосии иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз ҷониби Чин зиёда аз 5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ» ба таҳкими эътимод, муаррифии лоиҳаҳои мушаххас ва рушди фазои нави шарикӣ дар минтақа мусоидат менамояд.