Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад. 21 июн дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бахшида ба 80-солагии шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ баргузор мегардад. Ватан дар синаам бо ин бузургӣ, Ба монанди диле маъво гирифтаст, Ки гӯё чун раги хун аз дили ман, Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст. Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам, Шавад иншо ба рӯи дафтари дил. Ситода рост гӯё кӯҳсораш Ба мисли посбоне ба дари дил… Ҳабибулло Файзулло дар адабиёти муосири тоҷик бо ашъори рангинаш мавқеъ дошта, ҳамчун тарҷумони асарҳои адибони барҷаста низ ба хубӣ шинохта ва ном бурда мешавад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» моҳи сентябр баргузор мегардад. Моҳи сентябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб, аз ҷумла 2605 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1283 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 822 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 142 нафар омӯзгорон, ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), докторантони ҳабилитат ва унвонҷўён, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок мекунанд. Бояд иброз намуд, ки барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд гардид. Соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. 2 январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли равон ба тасвиб расид. Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ хеле зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ ва барномасозӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Қаблан озмун аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мешуд. Дар як вақт бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Бартарии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар он аст, ки барои иштирок дар онҳо ҳар нафар ҷаҳонбинии васеъ, илму дониш ва ғизои маънавӣ мегирад. Яъне иштирок дар озмунҳо ба ҳар як нафар фоида меорад, бар замми ин онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳавасманд гардонида мешаванд. Мақсади дигари озмун он аст, ки дар он дар баробари ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ), инчунин ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун низ иштирок менамоянд. Бахусус тағйироте, ки имсол ба озмун ворид шудааст, яъне номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ба рушди сатҳи огоҳии ҷомеа дар бахшҳои мухталифи ҳаёт, аз ҷумла фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мусоидат мекунад. Инчунин он ба эҷоди муҳити таҳсили рақамӣ ва таҷрибаҳои нав дар таҳсилоти маҳаллӣ ва байналмилалӣ ишора намуда, таъсири рӯзафзуни кадрҳоро дар соҳаҳои иқтисоди рақамии мамлакат таъмин хоҳад кард.

Ilm-furugi-marifat-1
Далее Следующая запись:

Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад. Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн муваззаф гардидаанд. Мавриди ёдоварист, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст. Ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷашни хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳаво аст. Ёдовар мешавем, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир (тиррӯз) баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ, дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.

Tirgon-2024-2

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram