Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардида, дар он 2676 довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд. Дар даври якуми озмун 6192 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 2676 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Соли 2024 дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок кард, ки аз он 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Тибқи тартиби баргузории даври дуюм, озмун дар вилояти Хатлон аз 17 то 23 июн, вилояти Суғд – аз 17 то 23 июн, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 июн то 5 июл, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 20 июн (минтақаи Рашт, шаҳраки Ғарм), аз 23 то 25 июн дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанбе аз 20 то 25 июн доир мегардад. Ба иттилои масъулин, раванди баргузории озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад. Бо дастури Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 16 то 20 июн бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад. Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар пойтахт сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида, фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд.

Modaroni-vahdatsaro
Далее Следующая запись:

То анҷоми соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз менамоянд Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» (МОИ«Данғара») соли 2009 ташкил гардида, соли 2011 бо фарогирии 541 га замин ба фаъолият оғоз намуд. Мақсади асосии ташкили минтақаи мазкур ин ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент, таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва мамлакат, тараққӣ додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, рушди шаҳрсозӣ дар мавзеъҳои атрофи МОИ «Данғара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тибқи иттилои роҳбари МОИ «Данғара» Ҷамшед Собирзода, «дар чор моҳи соли 2025 дар минтақа 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд. То инҷониб дар минтақа 39 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 14 субеъект фаъолияти истеҳсолиашро оғоз намуда, дар 25 субъекти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҷараён доранд». Ба иттилои Ҷамшед Собирзода, «дар зарфи чор моҳи соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа ба 4,9 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ ба зиёда аз 2 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми маблағи маҳсулоти истеҳсолшуда ба 39,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 4,8 маротиба зиёд мебошад». Тавре иброз гардид, рӯйдоди муҳиме, ки дар МОИ «Данғара» ба вуқуъ пайваст, ин дар моҳи майи соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидаани ҶДММ «Оксус Интеразия» мебошад. Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Ҳаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оксус Интеразия” дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Корхонаи дигаре, ки то охири соли равон дар МОИ «Дарғара» ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Фуд Хатлон» мебошад. Лоиҳаи ин корхона дар ҷараёни сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МОИ «Дарғара» муаррифӣ карда шуд. Корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд. Тибқи нақша, дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Иқтидори корхона дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мегардад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст. Тибқи иттилои роҳбари ҶДММ «Ғаюр саноат» Фаридун Каримов, корхонаи мазкур ба истеҳсоли 17 намуди маҳсулоти рангҳо ва маводҳои ороишӣ ё худ андоваҳои декоративӣ машғул буда, бо сармоягузории соҳибкорои ватанӣ фаъолият доранд. «Айни замон дар корхона зиёда аз 17 нафар бо кор таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолгардида пурра ба бозорҳои дохилӣ дастрас карда мешавад. Дар нақша ҳаст, ки оянда ба хориҷи мамлакат маҳсулоти корхона содирот низ гардад. Бо имконияти мусоид ва имтиёзҳое, ки дар МОИ «Дарғара» фароҳам оварда шудааст, мо фаъолияти худро самаранок пеш бурда истодаем. Нақша дорем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам бештар намоем» – илова кард Фаридун Каримов. Бо фароҳам гардидани шароити хуби корӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, натанҳо шумораи соҳибкорони дохилӣ, балки саромягузорони хориҷӣ низ дар МОИ «Дарғара» сол ба сол бештар мегардад. Ориё Муҳаммадашраф аз зумраи ҳамин гуна соҳибкоронест, ки муддати 5 моҳ боз дар МОИ «Дарғара» бо таъсиси ҶДММ «Омусаро» фаъолият дорад. Дар корхонаи мазкур офтобпараст ва бодом коркард ва банду баст гардида, барои содирот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона мегардад. Корхонаи дигаре, ки дар МОИ «Дарғара» фаъолияти назаррас дорад, ин ҶДММ «Грин голд» мебошад. Самти фаъолияти ин корхона, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, ба коркард ва банду басти хушкмева (писта) равона шудааст. Фирдавс Мирзораҳимов корманди ин корхона иттилоъ дод, ки маҳсулоти истеҳсолгардида, аслан барои содирот нигаронида шудааст. ҶДММ «Грин голд» дар МОИ «Дарғара» 10 корманди доимӣ дошта, дар мавсими коркарди писта, шумораи онҳо то ба 50 нафар мерасад. Субъектҳои дигаре, ки дар ҳудуди МОИ “Данғара” имрӯзҳо фаъолияти назаррас доранд, инҳо: ҶДММ «Ауфен» (истеҳсоли конструксияҳои металлӣ), ҶДММ «Детйен бетон» (истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ), ҶДММ «МИСР -2001»(истеҳсоли шағал, шебен, қум), ҶДММ «Тоҷпласт-1» (истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ), ҶДММ «Сохтмон-11» (истеҳсоли хишти сохтмонӣ), ҶДММ «Техно полиш» (истеҳсоли тол) ва ҶДММ «Сангвор Саноат» (истеҳсоли хишту пенаблок) ба шумор мераванд. Корхонаҳои мазкур бо саромгузории соҳибкорони дохилию хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар рушди соҳаи саноат ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст, 39 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маҷмуъ наздики 600 ҷойи корӣ ташкил гардидааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 2024 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 34 миллион сомонӣ баробар буда, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад беш аз 2 миллиард сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 54 миллион сомонӣ ва дар 4 моҳи соли 2025 39,3 миллион сомониро ташкил дод.

MOI-Dangara

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram