16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 0
Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Дар иҷлосия Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи Неругоҳи барқи обии Сангтуда-1 аз 30 июли соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул карда шуд. Ҳадафи асосии Протоколи мазкур ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб меравад. Дар доираи Протокол ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 миллон доллари ИМА муаяйн карда шудааст. Татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар хоҳад шуд. Муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо дар доираи ин иншоот, аз 20 сол ба 35 сол (15 соли иловагӣ — аз соли 2034 ба соли 2048) иваз карда шуд. Бо таъмин намудани иҷрои муқаррароти бозбинишудаи Созишномаи амалкунанда ба соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ самараҳои зерин дар назар аст: -Давоми солҳои 2025 — 2034 марҳила ба марҳила пурра аз эътибор соқит намудани қарзҳои ба ҳолати 31.12.2024 ба амаломада — ба маблағи 3 миллиарду 257 миллон сомонӣ баробар ба 297 миллион доллари ИМА. -Паст шудани тарифҳои хариди неруи барқ ба 1,5 сенти ИМА аз 3,168 сенти ИМА, яъне 2,1 мартиба паст карда шуда, то охири соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар мешавад, ки он аз сатҳи имрӯзаи тарифҳо низ паст мебошад. Минбаъд, аз соли 2033 то охири соли 2048 дар сатҳи 3,3 сенти ИМА яксон хоҳад монд. Тибқи таҳлилҳо, самаранокии молиявии натиҷаҳои музокиротҳо ва муқаррароти Протоколи мазкур дар давоми солҳои 2025-2049 маблағи 588 миллион доллари ИМА арзёбӣ шудааст. 0
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ» иштирок намуд. Чин яке аз шарикони асосии иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз ҷониби Чин зиёда аз 5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ» ба таҳкими эътимод, муаррифии лоиҳаҳои мушаххас ва рушди фазои нави шарикӣ дар минтақа мусоидат менамояд. 0
То анҷоми соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз менамоянд Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» (МОИ«Данғара») соли 2009 ташкил гардида, соли 2011 бо фарогирии 541 га замин ба фаъолият оғоз намуд. Мақсади асосии ташкили минтақаи мазкур ин ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент, таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва мамлакат, тараққӣ додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, рушди шаҳрсозӣ дар мавзеъҳои атрофи МОИ «Данғара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тибқи иттилои роҳбари МОИ «Данғара» Ҷамшед Собирзода, «дар чор моҳи соли 2025 дар минтақа 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд. То инҷониб дар минтақа 39 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 14 субеъект фаъолияти истеҳсолиашро оғоз намуда, дар 25 субъекти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҷараён доранд». Ба иттилои Ҷамшед Собирзода, «дар зарфи чор моҳи соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа ба 4,9 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ ба зиёда аз 2 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми маблағи маҳсулоти истеҳсолшуда ба 39,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 4,8 маротиба зиёд мебошад». Тавре иброз гардид, рӯйдоди муҳиме, ки дар МОИ «Данғара» ба вуқуъ пайваст, ин дар моҳи майи соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидаани ҶДММ «Оксус Интеразия» мебошад. Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Ҳаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оксус Интеразия” дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Корхонаи дигаре, ки то охири соли равон дар МОИ «Дарғара» ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Фуд Хатлон» мебошад. Лоиҳаи ин корхона дар ҷараёни сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МОИ «Дарғара» муаррифӣ карда шуд. Корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд. Тибқи нақша, дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Иқтидори корхона дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мегардад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст. Тибқи иттилои роҳбари ҶДММ «Ғаюр саноат» Фаридун Каримов, корхонаи мазкур ба истеҳсоли 17 намуди маҳсулоти рангҳо ва маводҳои ороишӣ ё худ андоваҳои декоративӣ машғул буда, бо сармоягузории соҳибкорои ватанӣ фаъолият доранд. «Айни замон дар корхона зиёда аз 17 нафар бо кор таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолгардида пурра ба бозорҳои дохилӣ дастрас карда мешавад. Дар нақша ҳаст, ки оянда ба хориҷи мамлакат маҳсулоти корхона содирот низ гардад. Бо имконияти мусоид ва имтиёзҳое, ки дар МОИ «Дарғара» фароҳам оварда шудааст, мо фаъолияти худро самаранок пеш бурда истодаем. Нақша дорем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам бештар намоем» – илова кард Фаридун Каримов. Бо фароҳам гардидани шароити хуби корӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, натанҳо шумораи соҳибкорони дохилӣ, балки саромягузорони хориҷӣ низ дар МОИ «Дарғара» сол ба сол бештар мегардад. Ориё Муҳаммадашраф аз зумраи ҳамин гуна соҳибкоронест, ки муддати 5 моҳ боз дар МОИ «Дарғара» бо таъсиси ҶДММ «Омусаро» фаъолият дорад. Дар корхонаи мазкур офтобпараст ва бодом коркард ва банду баст гардида, барои содирот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона мегардад. Корхонаи дигаре, ки дар МОИ «Дарғара» фаъолияти назаррас дорад, ин ҶДММ «Грин голд» мебошад. Самти фаъолияти ин корхона, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, ба коркард ва банду басти хушкмева (писта) равона шудааст. Фирдавс Мирзораҳимов корманди ин корхона иттилоъ дод, ки маҳсулоти истеҳсолгардида, аслан барои содирот нигаронида шудааст. ҶДММ «Грин голд» дар МОИ «Дарғара» 10 корманди доимӣ дошта, дар мавсими коркарди писта, шумораи онҳо то ба 50 нафар мерасад. Субъектҳои дигаре, ки дар ҳудуди МОИ “Данғара” имрӯзҳо фаъолияти назаррас доранд, инҳо: ҶДММ «Ауфен» (истеҳсоли конструксияҳои металлӣ), ҶДММ «Детйен бетон» (истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ), ҶДММ «МИСР -2001»(истеҳсоли шағал, шебен, қум), ҶДММ «Тоҷпласт-1» (истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ), ҶДММ «Сохтмон-11» (истеҳсоли хишти сохтмонӣ), ҶДММ «Техно полиш» (истеҳсоли тол) ва ҶДММ «Сангвор Саноат» (истеҳсоли хишту пенаблок) ба шумор мераванд. Корхонаҳои мазкур бо саромгузории соҳибкорони дохилию хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар рушди соҳаи саноат ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст, 39 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маҷмуъ наздики 600 ҷойи корӣ ташкил гардидааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 2024 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 34 миллион сомонӣ баробар буда, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад беш аз 2 миллиард сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 54 миллион сомонӣ ва дар 4 моҳи соли 2025 39,3 миллион сомониро ташкил дод. 0
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардида, дар он 2676 довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд. Дар даври якуми озмун 6192 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 2676 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Соли 2024 дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок кард, ки аз он 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Тибқи тартиби баргузории даври дуюм, озмун дар вилояти Хатлон аз 17 то 23 июн, вилояти Суғд – аз 17 то 23 июн, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 июн то 5 июл, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 17 то 20 июн (минтақаи Рашт, шаҳраки Ғарм), аз 23 то 25 июн дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанбе аз 20 то 25 июн доир мегардад. Ба иттилои масъулин, раванди баргузории озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад. Бо дастури Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. 0
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 16 то 20 июн бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад. Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар пойтахт сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид. Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида, фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд. 0
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд Июнь 16, 2025 Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Темурмалик, Кӯлоб ва Мӯъминобод меҳмонии ҷавонон ва Фестивали дӯстии ҷавонон – 2025 оғоз гардид. Меҳмонӣ аз 16 то 20 июн бо иштироки зиёда аз 120 нафар ҷавонони фаъоли мамлакат доир мешавад. Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар ин шаҳру ноҳияҳо барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, машварату барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар аст. Инчунин иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихии ин ноҳия шинос мешаванд. Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат баргузор карда мешавад. 0
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт Июнь 16, 2025 Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ ва дигар омилҳои сарҳадотӣ дар Варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиавии ҳудудӣ доир карда шуд. Ҳадафи асосии баргузор намудани чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии иштирокунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-техникӣ ва қобилияти ҷангию ҷисмонӣ мебошад. Иброз гардид, ки санҷиши омодабошии ҷангӣ, ҷалб ва мудофиаи ҳудудӣ баҳри сайқал додани таҷрибаву малакаи ҳайати шахсӣ, тақвият бахшидан ба ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар мавриди ба вуқуъ омадани хатарҳои эҳтимолӣ равона шудаст. Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрӯз қодир аст, ки манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Бо баробари беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ маҳорати касбию ҷангии сарбозон низ сайқал ёфта, сарбозону афсарони шуҷои Ватан сипари боэътимоди давлату миллат мегарданд. 0
Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад Июнь 15, 2025 ар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон коллексияи «Кандакорӣ ва кундал» мавҷуд аст, ки зиёда аз 380 ададро ташкил медиҳанд. Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ меномандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекунад. Мувофиқи тахмини олимон, замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои қадимаи Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад, инчунин қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Дар таркиби коллексияи «Кандакорӣ ва кундал» асарҳои устодони барҷастаи ҳунари тоҷик, аз қабили Ҳамроқул Шарифов, Мирзораҳмат Олимов, Кароматулло Ғаюров, Мирсаидов Саъдулло, Сироҷиддин Нуритдинов, Алӣ Яҳёев ва дигарон мавҷуданд, ки дар ошёнаи сеюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамарӯза ин коллексияро ҳазорҳо нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ тамошо мекунанд. Ёдовар мешавем, ки устодони барҷастаи кундал дар мамлакат Ҳамроқул Шарифов ва Мирзораҳмат Олимов маҳсуб мешаванд. Мирзораҳмат Олимов асосгузори мактаби миллии кундал буда, анъанаҳои онро дар шаҳри Душанбе фаъолона паҳн мекард. Аз пайравони ӯ дар шаҳри Душанбе мебояд Кароматулло Ғаюров ва Тошқувват Ҳаитовро ном бурд. 0
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад. Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн муваззаф гардидаанд. Мавриди ёдоварист, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст. Ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷашни хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳаво аст. Ёдовар мешавем, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир (тиррӯз) баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ, дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд. 0