Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 717 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро хатм намудаанд. Аз соли 1997 то соли 2024 3882 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ихтисосу равияҳои омўзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникию технологӣ ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дар ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ масъалаҳои муҳими стратегӣ баррасӣ гардид. Аз 10 то 12 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои иҷроия — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ифтитоҳ ва ҷамъбаст намуд.

506843350_1130369009122736_1482625783471052122_n
Далее Следующая запись:

Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат ба шумор меравад. Яке аз коргоҳи истеҳсоли оксиген дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ҷойгир карда шудааст. Истеҳсоли оксиген барои занони ҳомила ва тифлони навзод дар ҳолати зарурӣ хизмат мерасонад. Дар баробари таъмини беморони ин беморхона, инчунин ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи ноҳияи Данғара низ дар ин самт хизмат расонида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки баъди мавриди истифода қарор додани ду коргоҳи истеҳсоли оксиген дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардида, эҳтиёҷоти беморон дар ин муассисаи тандурустӣ бо он пурра таъмин хоҳад шуд.

photo_2025-06-13_11-42-55-1
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/