Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзаминие бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!» «Ман ба роҳбарияти Тоҷикистон, бахусус ба Президенти ҷумҳурӣ барои ташаббусҳои беназир дар масъалаи обу иқлим ва роҳбариву мизбонӣ ба аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025) изҳори сипос менамоям. Аз баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд бениҳоят шодам. Зеро ҳоло замоне ҳаст, ки агар мо ҳамин ҳоло амал накунем, метавонем теъдоди зиёди пиряхҳоро аз даст диҳем», — чунин изҳор дошт лижарон ва кӯҳнаварди фаъоли амрикоӣ Каролин Глейч дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Шуруъ аз 16 июни соли 2025 байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ мегарданд.Ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» амалӣ карда мешаванд. Хатсайри мазкур бо ибтикори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд. Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти судманд байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини якуми Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, инчунин бо роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» баргузор гардид.

china-southern
Далее Следующая запись:

Дар ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ масъалаҳои муҳими стратегӣ баррасӣ гардид. Аз 10 то 12 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои иҷроия — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ифтитоҳ ва ҷамъбаст намуд.

506843350_1130369009122736_1482625783471052122_n

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Июнь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  
« Май   Июл »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram