Дар ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ масъалаҳои муҳими стратегӣ баррасӣ гардид. Аз 10 то 12 июн дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои иҷроия — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ифтитоҳ ва ҷамъбаст намуд.