13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид. Навигация записи Назад Предыдущая запись: БОЗДИДИ РОҲБАРИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН АЗ НБО «РОҒУН» Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо ҳайати ҳамроҳон аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид ба амал оварданд. Меҳмонон зимни боздид бо раванди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти агрегатҳои амалкунандаи неругоҳ аз наздик шинос гардиданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки НБО «Роғун» бо иқтидори лоиҳавии 3600 мегаватт калонтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа ба шумор меравад ва ба рушди устувори иқтисодӣ ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Зимни шиносоӣ роҳбарияти неругоҳ оид ба иҷрои корҳои муҳандисиву техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва раванди омодасозии марҳилаҳои минбаъдаи сохтмон суҳбат карданд. Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони неругоҳ, Рустам Минниханов ибрози назар кард, ки: Роғун — на танҳо як иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, балки ифтихори мардуми Тоҷикистон ва намунаи таҷрибаи беназири муҳандисӣ дар минтақа мебошад. Мо дар Тотористон низ бо таваҷҷуҳ фаъолияти иншооти стратегиро пайгирӣ менамоем ва омодаем дар оянда доир ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, иқтисод ва саноат, иқдом намоем.» Дар анҷоми боздид Рустам Минниханов ба Китоби ифтихории НБО «Роғун – Кохи Нур» соядаст гузошта, аз дидани иншооти нодиру умедбахши энергетикӣ изҳори хушнудӣ намуд ва онро рамзи ояндаи пешрафти минтақа номид. Боздиди роҳбари Тотористон аз НБО «Роғун» яке аз бахшҳои муҳими сафари расмии ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва заминаи хубе барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Тотористон хоҳад буд.Далее Следующая запись: Шуруъ аз 16 июни соли 2025 байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ мегарданд.Ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» амалӣ карда мешаванд. Хатсайри мазкур бо ибтикори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд. Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо моҳи марти соли 2025 ҳайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти судманд байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини якуми Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Бинг, инчунин бо роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» баргузор гардид.