БОЗДИДИ РОҲБАРИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН АЗ НБО «РОҒУН» Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо ҳайати ҳамроҳон аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид ба амал оварданд. Меҳмонон зимни боздид бо раванди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти агрегатҳои амалкунандаи неругоҳ аз наздик шинос гардиданд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки НБО «Роғун» бо иқтидори лоиҳавии 3600 мегаватт калонтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа ба шумор меравад ва ба рушди устувори иқтисодӣ ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Зимни шиносоӣ роҳбарияти неругоҳ оид ба иҷрои корҳои муҳандисиву техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва раванди омодасозии марҳилаҳои минбаъдаи сохтмон суҳбат карданд. Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони неругоҳ, Рустам Минниханов ибрози назар кард, ки: Роғун — на танҳо як иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, балки ифтихори мардуми Тоҷикистон ва намунаи таҷрибаи беназири муҳандисӣ дар минтақа мебошад. Мо дар Тотористон низ бо таваҷҷуҳ фаъолияти иншооти стратегиро пайгирӣ менамоем ва омодаем дар оянда доир ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, иқтисод ва саноат, иқдом намоем.» Дар анҷоми боздид Рустам Минниханов ба Китоби ифтихории НБО «Роғун – Кохи Нур» соядаст гузошта, аз дидани иншооти нодиру умедбахши энергетикӣ изҳори хушнудӣ намуд ва онро рамзи ояндаи пешрафти минтақа номид. Боздиди роҳбари Тотористон аз НБО «Роғун» яке аз бахшҳои муҳими сафари расмии ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва заминаи хубе барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Тотористон хоҳад буд.