Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид. Гармо ба он оварда расонд, ки дар баъзе кишварҳо ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа боло рафт. Мақомот сокинонро даъват намуд, ки эҳтиёткор бошанд, зеро ҳавои хушк, шамоли сахт ва гармӣ сабаби сар задани сӯхтори ҷангал шуда метавонад. Дар ҳоле ки ҳарорати тобистонаи ҳаво дар тамоми Аврупо рӯ ба болоравӣ овардааст, минтақаҳои гуногуни қитъа бо сӯхтори сершумори ҷангал ва мавҷҳои гармои шадид рӯ ба рӯ шудаанд. Дар Туркия ҳарорат аз 40 дараҷа боло шудааст. Сӯхтори ҷангал дар Измир, Бурсо, Текирдоғ, Сакаре ва Одоно сар задаанд, ки ҳолати изтирориро ба вуҷуд овардааст. Ҷиҳати мубориза бо сӯхтор гурӯҳҳои оташнишонии ҳавоӣ ва заминӣ сафарбар карда шудаанд. Ин ҳолат дар Одоно ба фоҷеа оварда расонд-ҳавопаймои оташнишонӣ ҳангоми кӯшиши гирифтани об аз наздиктарин сарбанд ба садама дучор гардид. Айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотбахшӣ идома доранд. Дар Юнон бештари сокинон ба соҳили баҳр мераванд, зеро дар кишвар аввалин гармои шадид дар соли равон сар задааст. Гармо то 4 июл шиддат гирифта, дар дохили кишвар то ба 40-41 дараҷа мерасад ва то охири рӯзҳои истироҳат идома хоҳад ёфт. Сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ дар Испания ва Португалия низ ба ба гармо дар рӯзҳои истироҳатӣ омодагӣ мебинанд, чун ҳарорат дар ин ҷо низ боло хоҳад рафт. Дар Португалия эҳтимол аст гармои шадид то ба 44 дараҷа расад. Хадамоти метеорологии Португалия дар бораи ба амал омадани гармои шадид барои тамоми қитъаи Португалия ҳушдор дод. Барои қисмати бештари ин кишвар ҳушдори зард ва барои баъзе минтақаҳои дохилӣ бо хатари баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳушдори норинҷӣ дода шудааст. Мақомот аз аҳолӣ даъват намудааст, то аз амалҳое, ки ба сар задани сӯхтор оварда мерасонад, худдорӣ намоянд, чун шароити хушк ва шамолҳои пуршиддат метавонанд ба сӯхтор оварда расонад. Ҳолати ба ин монанд дар Италия низ ба амал омадааст. Ҳушдори сурх барои бештари шаҳрҳои Италия аз сабаби гармои шадид, ки рӯзҳои истироҳатӣ фаро хоҳад расид, эълон карда шудааст. Дар вазорат иброз дошанд, ки дар минтақаҳои бо ҳушдори «сурх»-и хатари гармо нишон додашуда, эҳтимол аст гармо хатари ҷиддиро на танҳо ба нафарони барҷомонда, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин, балки барои нафарони солим ва фаъол низ дар пай дошта бошад. 0
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва санитария як масъалаи мубрам барои миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин танҳо як нороҳатӣ нест — ин масъалаи ҳаёт ва мамот аст. Дар ин хусус муовини Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳуқуқи башар Нада Ал-Нашиф дар ҷаласаи Шурои ҳуқуқи башар ёдовар шуд. «Аз об чизи муҳимтаре нест, аммо беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ ва 3,4 миллиард нафар ба шароити беҳдоштии муносиб дастрасӣ надоранд », — гуфт Нада Ал-Нашиф. Тибқи иттилои ӯ, «ҳамасола ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятӣ, ки бар асари оби олуда ва набуди беҳдошт, аз қабили вабо, дарунравӣ ва домана мефавтанд. Гузашта аз ин, мизони фавт дар бархе аз кишварҳои сатҳи даромадашон паст назар ба давлатҳои пешрафта тақрибан 500 маротиба бештар аст». Иброз гардид, ки беш аз ҳама дар таъмини об тағйирёбии иқлим таъсири харобкунанда дорад. Хушксолӣ тӯлонӣ мешавад ва тӯфонҳое, ки инфрасохтори обро хароб мекунанд, пурқувваттар мегарданд. Кишварҳои рӯ ба рушд дар тангнои қарз қарор доранд, аксар вақт воситаҳои сармоягузорӣ ба захираҳои об надоранд, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта пули об барои бисёре аз оилаҳо бори тоқатфарсо мегардад. Ба гуфтаи намояндаи Созмони Милали Муттаҳид, ин чолишҳо махсусан барои гурӯҳҳои осебпазир мушкил мебошад. Одамони дорои маълулият аксар вақт ба ҳоҷатхонаҳои мутобиқшуда дастрасӣ надоранд. Занон ва духтарон ба зӯроварӣ ва хатарҳои саломатӣ дучор мешаванд, ки маҷбуранд барои дарёфти об ё ҷои хусусӣ масофаҳои дурро тай кунанд. Набудани шароити беҳдошт дар мактабҳо духтаронро маҷбур мекунад, ки дар давраи ҳайз аз дарсҳо канорагирӣ кунанд ва таҳсили онҳоро зери хатар мегузорад. Мардуми бумӣ ва сокинони маҳаллаҳои фақирнишини шаҳрҳо эҳтимоли бештар аз манобеи оби олудашуда истифода мекунанд ва бахусус ба офатҳои иқлимӣ осебпазиранд. «Об неъмати ҷамъиятӣ аст, на мол,- изҳор дошт Ал-Нашиф ва афзуд, ки бидуни об ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, саломатӣ, ғизо, кор ва муҳити солим зери хатар аст». Муовини Комиссари Олӣ даъват кард, ки конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як фурсат барои муттаҳидсозии иродаи сиёсӣ ва гузоштани ҳуқуқи инсон дар маркази идоракунии захираҳои об истифода шавад. 0
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад. Пагоҳ даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар 47 маркази имтиҳонӣ оғоз гардида, то 9 июл идома меёбад. Марказҳои имтиҳонӣ барои даври якум дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда мешаванд. Инчунин даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б рӯзи 13 июл дар марказҳои имтиҳоние, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, баргузор мегардад. 0
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад. Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, витаминҳое, ки дар таркиби карам мавҷуданд, фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар, организмро аз токсинҳо ва холестеринҳои гуногун тоза мекунанд. Карам сабзавотест, ки истеъмоли он барои системаи масуният муҳим мебошад. Ҳамчунин дар тиб онро барои зебогии рӯи пӯсти занон истифода мебаранд. Дар таркиби карам қанд, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо (С, Р, В, В2, РР, К, Е) ва каротин, пантотен ва кислотаи фолий, равған, ферментҳо, калий, калтсий, йод, марганес, оҳан, намак ва дигар элементҳо мавҷуданд. Витамини C- е, ки дар таркиби карам мавҷуд аст, барои тақвияти системаи иммуниятӣ, витамини K барои саломатии устухонҳо, лахташавии хун ва барои занони ҳомиладор, инчунин рушди ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Калсий ва калийи таркиби карам барои саломатии дил ва устухонҳо манфиатовар аст. Ба тавсияи табибон, карам антиоксидантҳо ва моддаҳои зиддисаратонӣ дорад, ки метавонанд ба пешгирии баъзе навъҳои саратон кумак кунанд. Аз ин сабзавот бештар хӯриш омода менамояд, ки кори рӯдаро беҳтар ва қабзиятро кам мекунад. Карам хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ дорад ва барои бемориҳое чун артрит (илтиҳоби буғумҳо) муфид буда метавонад. Карам манбаи бойи бета-каротин мебошад. Дар таркиби карами сурх бета-каротин нисбат ба карами сабз тақрибан 10 маротиба зиёдтар аст. Бета-каротин дар афзоиши биноӣ, бахусус рӯъёи шабона нақши муҳим мебозад ва ба муҳофизати бофтаҳои чашм аз зарари радикалии озод кумак мекунад. Карам ҳамчунин аз йод бой буда, барои кори дурусти майна ва системаи асаб муфид аст. Ин минерал инчунин дар нигоҳ доштани саломатии системаи эндокринӣ нақши ҳалкунанда дорад. Истеъмоли ин сабзавот ҳамчунин барои онҳое, ки мехоҳанд, вазни баданашонро кам кунанд, кумак мерасонад. Дар тибби халқӣ барги карами хомро барои дарди буғумҳо ё сина (масалан, ҳангоми ширхӯрии кӯдак) истифода мебаранд. Инчунин дар пайвастагиҳои устухон, ки дар он намак ҷамъ шудааст, аз болои пӯст барги онро мебанданд. Барои кам кардани миқдори қанд дар хун, ба шарбати карам оби ширгарм илова кунед ва ним соат пеш аз хӯрок чоряк истакон нӯшед. Инчунин ба беморони зардпарвин, қабзият, гастрит, дисбактериоз ва хастагии доимӣ нӯшидани шарбати карам тавсия дода мешавад. Нӯшидани шарбати карам барои рафъи доғҳои рӯй кумак мекунад. Шахсоне, ки панкреатит доранд, дар шикам ва қафаси сина ҷарроҳӣ шудаанд, бояд аз истеъмоли карами тару тоза худдорӣ кунанд. Карамро дар ҳолатҳои истихроҷ дар меъда ва рӯда, захми меъда, фаъолияти ғадуди сипаршакл истеъмол кардан мумкин нест. Карам сабзавотест, ки вобаста аз навъ ва ранг гуногун мешавад. Одатан карами барвақтиро тариқи кӯчаткунонӣ ва карами дерпазро тариқи бевосита шинонидани тухмӣ ва ё кӯчаткунонӣ парвариш менамоянд. Давраи нашъунамои зироат 70 – 130 рӯз, навъҳои миёнапаз 125 – 175 рӯз, навъҳои дерпаз 153 – 245 рӯзро дар бар мегирад. Дар дунё беш аз 400 навъҳои гуногуни карам парвариш карда мешавад. 0
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup», ки аз 29 август то 8 сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 28 июн CAFA расман баргузории дуюмин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои миллии мардонаро эълон кард. «CAFA Nations Cup 2025» бо иштироки шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия доир мешавад. Қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» 3 июл, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» дар Тошканд ва бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор баргузор мешаванд. Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», рақобатҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқот дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор баргузор мешаванд. 0
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст? Дар моҳи дуюми тобистон — июл дар мамлакат ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Дар давоми моҳ баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, ҳаво дар водиҳо то 44, ноҳияҳои ҷанубӣ то 46 ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 38 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2001 шабоҳат дорад. Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 24 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 35 то 44 дараҷа гарм, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 30 то 38 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво дар водиҳо аз 17 то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 13 то 25 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ мешавад. Моҳи июл дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 34 то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 22 то 35 дараҷа гарм ва шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 17 то 27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 7 то 19 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳидаи моҳ дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ боронҳои шиддатнокиашон гуногун пешгӯӣ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо эҳтимолан чангу ғубор ба амал ояд. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво то 20+24 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳаво аз 24 то 38 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимолан чангу ғубор ба амал ояд. Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво 9+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 12 то 20+25º гарм дар назар дошта шудааст. Шабона ҳаво аз 4+9 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. 0
Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста афзоиш ёфта, айни замон қариб ба 11 ҳазор баробар гардидааст. Дар ин хусус 28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят иброз доштанд. Ин нишондиҳанда далели рушдёбии тадриҷии муҳити соҳибкориву сармоягузорӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Аз ҷумла, зарур аст ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон дастгирӣ, ва барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Пешвои миллат дар идома илова намуданд, ки аз ҷониби низоми бонкии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 2,4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 2,2 миллиард сомонии он қарзҳои хурд мебошанд. «Дар баробари ин, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзии вилоят 68 фоиз ва соҳибкории истеҳсолӣ 26 фоиз коҳиш ёфтааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва таҳкими фаъолияти истеҳсолӣ кофӣ нест», — изҳор намуданд Президенти мамлакат. Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ, дастрасии қарзҳо, ва пешниҳоди маблағгузории мақсаднок ба бахшҳои истеҳсолию соҳибкорӣ дар вилоят чораҳои иловагӣ андешанд. 0
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад. Бо фаро расидани фасли тобистон ва гармшавии ҳаво талабот ба нӯшокиҳои ташнагишикан меафзояд. Аз кадом нӯшокиҳо истифода барем, ки ҳам ташнагиро шиканад ва ҳам ба саломатиамон зарар нарасонад? Мутахассисон дар ин маврид нӯшидани дӯғобро, ки дар байни мардум бо номи «чолоб» маъмул аст, бештар тавсия медиҳанд. Дӯғоб нӯшокии миллӣ буда, аз чакка ва дигар сабзавоту гиёҳҳои шифобахш омода карда мешавад. Нӯшидани дӯғоб дар фасли гармо неруро дар бадан барқарор мекунад. Инчунин нафароне, ки дар ин фасл майли истеъмоли таом надорад, хело муфид аст, зеро он иштиҳоовар буда, меъдаро нарм ва раванди ҳазмро осон намуда, кори рӯдаро беҳтар мекунанд. Дуғоб аз чакка, об, намак, бодиринг, помидор, қаламфур, ҷаъфарӣ, шибит, пӯдина, райҳон ва дигар кабудиҳо омода мешавад. Помидору бодирингро дар шакли чоркунҷа ва қаламфури булғорию дар шакли дарозрӯя майда реза мекунанд. Чаккаро дар зарфи алоҳида гирифта, бо иловаи об онро лат мезананд. Сипас чаккаи моеъро ба зарфи сабзавоти резакардашударо омехта карда, мувофиқи хоҳиш бо кабудӣ оро дода, қаланфур ё мурч ҳамроҳ мекунанд. Ҳамчунин ба чаккаи обкардашуда кабудиҳои хушккардашураро ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд. Дӯғобро ҳамеша дар яхдон нигоҳ медоранд ва ҳолати сардшуда менӯшанд. Дӯғоб барои рӯдаҳо хеле муфид аст. Он дар ҳоли қабзият ё мушкилиҳои меъда метавонад кумак кунад. Дар таркиби он витаминҳои B ва C низ мавҷуд аст, ки барои масуният муҳиманд. Ба тавсияи ғизошиносон, дӯғобро барои он дар фасли тобистон нӯшиданаш маъмул ва фоидаовар аст, ки дар рӯзҳои гармӣ ё баъди машқҳои ҷисмонӣ дӯғоб оби бадан ва неруро барқарор мекунад. Намак ва моеъи он аз беҳтарин тарзҳои барқарорсозии нерӯ дар гармо аст. Табибони бемориҳои дил тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки дар рӯзҳои ҳарорати баланди тобистон фишорашон баланд мешаванд, дӯғоб истеъмол намоянд. Зеро дӯғоб ба паст кардани фишори хун ва холестерин кумак мекунад. Инчунин дар баъзе тадқиқотҳо дӯғоб барои коҳиши хатари бемориҳои дил низ муфид мебошад. Ин нӯшоба дар таркиби худ маводҳо калорияи кам дорад, вале серкунанда аст — барои касоне ки парҳез мекунанд, муфид аст. Яке аз хусусияти хоси дӯғоб дар фасли тобистон ин ҳарарорати баданро дар рӯзҳои гармо паст мекунад. Нафароне, ки аз таъсири офтоб ба бемори гармозадагӣ гирифтор мешаванд, нӯшидани дуғоб тавсия дода мешавад. Инчунин нафароне, ки аз таъсири ҳарорати баланди ҳаво сарчарзанӣ ва беҳолӣ дар худ мушоҳида намояд, бояд дӯғоб нӯшанд. Зеро он бо намак ва оби худ метавонад ин ҳолатҳоро пешгирӣ кунад. 0
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад. Аз 1 то 7 июл дар «Кохи Олимп» дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола (U16) баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи волейболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқаи минтақавӣ дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи солонаи фаъолияти Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ баргузор гардида, мақсад аз он рушди варзиши волейбол байни духтарон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории варзишии кишварҳои минтақа арзёбӣ мегардад. 0
Ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа 26.06.2025 13.35 ноҳияи Роштқалъа 0 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи...Бештар