Дар рӯзи ҳафтуми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро паҳлавони умедбахш Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо зери вазни ҷамъи 100 кг муаррифӣ карда истодааст. Темур аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, то ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ озод буд ва дар даври дуюм бо Эрик Абрамови 25 сола аз Олмон гӯштин гирифт.
Дар оғози рақобат Абрамов имтиёзи вазарӣ кор кард. Дар идома паҳлавони мо тавонист, ки дар як фурсати муносиб рақибаш Эрик Абрамови олмониро дар ҳолати буғи кардан нигоҳ дорад ва пирӯзиро соҳиб шавад.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо паҳлавони ӯзбек Алишер Юсупов гӯштин гирифт. Рақобати Темур ва Алишер бисёр сахту сангин ҷараён гирифт. Дар аввал Алишер аз Темур як имтиёзи вазарӣ гирифт ва дар идома Темур аз як зидди ҳамла истифода карда, соҳиби як имтиёзи вазарӣ шуд. Дар идома довар ба Темур як огоҳӣ ва ба Алишер ду огоҳӣ нишон дод. Дар вақти тиллоии рақобат Алишер ба як ишораи довар беаҳамияти мароқ зоҳир кард ва огоҳии сеюмро гирифт ва пирӯзӣ насиби Темур шуд.
Ҳамин тавр, Алишер ба даври тасаллобахш рафт ва онҷо бо Гурам Тушишвилии гурҷӣ гӯштин мегирад. Темур Раҳимов ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва бо «Шоҳи ҷудои ҷаҳон» — Тедди Ринери фаронсавӣ гӯштин мегирад.
Тедди Ринер қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва барандаи ду нишони биринҷии олимпӣ ва 10 карата қаҳрамони ҷаҳон, 5 карата қаҳрамони Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад. Ӯро дар ҷаҳони ҷудо ҳамчун шоҳи ин риштаи варзиш мешиносанд.
Охирон маротиба Темур ва Тедди дар финали мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” моҳи майи имсол дар Душанбе ба ҳам омада буданд, ки паҳлавони фаронсавӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Моҳи майи соли 2023 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳа низ Темур ва Тедди Ринер бо ҳам нерӯсанҷӣ карда буданд. Дар даври нимниҳоии мусобиқа Темур дар сонияҳои аввали рақобат аз серҷоизатарин ҷудокори мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо Тедди Ринер бо имтиёзи иппон мағлуб шуд. Ин аввалин рақобати Темур бо Риннер буд.